- монда
- [مانده]1. сифати феълии замони гузашта аз мондан I; бақия, боқӣ, боқимонда2. хаста, сусту лакот, аз кор ё машғулияте кӯфташуда; монда кардан хаста кардан, сусту лакот кардан, кӯфта кардан; монда шудан а) сусту лакот шудан, шалпар шудан, кӯфта гардидан (аз сахтӣ ё аз бисёрии кор); б) ниҳодан, гузошта шудани чизе дар ҷояш◊ феъли монда грам. феъле, ки амали он ба мафъул намегузарад (яъне мафъул надорад), феъли лозим, муқоб. феъли гузаранда; омадан, хобидан…; монда нашавед! // мондаҳо!, хаста набошед! (дар вақти кор карда истодани касе барои рӯҳбаланд кардан гуфта мешавад); аз ин мондаву аз он ронда (мақ.) дар як вақт ба ду қарор расидан хоста, ё аз пайи иҷрои ду коре шуда, ба ҳеҷ яки он муваффақ нашудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.